Доғи ту буд лолаи сифати зеби тани мо
Чун ғунча буд захми ту ҷузви бадани мо
Давр аз гули рухсори ту монанди шукуфа
Аз пунба доғаст ба тани перҳани мо
Мо булбули пари сӯхта гулшан ишқем
Нашикуфт гулии ғайри ҷунун аз чамани мо
эй мурдаи дилони як нафас аз мо нгризид
Буии дам исо шунавед аз сухани мо
Ху карда оғӯши назокати мншоним
Аз партав маҳтоб сазад перҳани мо
Дорем зи баси ҳасрати дидор чу ҷӯё
Ҳам маҷлиси тасвир буд анҷумани мо