Маи ман чун диҳад арзи сафои пайкари худ ро
Кашад субҳ аз хиҷолат бар сари худ чодари худ ро
Аз он бо чашми дили ҳайрони ҳасани хўбрўёнм
Ки санъат май намояди хӯбии санъатгари худ ро
Забони хбси ёрон сар кунад чун теғи бозӣ ро
зи бас май тарсам аз базми чунин гирами сари худ ро
Бутӣ дорам ки созад Лайлии шаб аз ҳиҷоб ӯ
Ниҳон дар ҳуққаи меҳр аз кавокиби зевари худ ро
Магар гиранд дар ваҷҳи баҳоии як даҳани ханда
Баҳораст ва ба ранги ғунчаи грдоўри зари худ ро
Мада дар мавҷи хези ғами Аннани сабрро аз каф
Ба соҳил мерасад ҳар кас набозад лангари худ ро
Маяфкан бар забони сахти гӯйони хешро ҷӯё
Чаро оқил занад бар санги хорои гавҳари худ ро