Магар ба саъй тавон дид ҷисми лоғари мо
Як устихон чу ҳилоласт пой то сари мо
Ҳамеша сояи ишқи ту буд бар сари мо
Чакидаи ҷигар оташаст гавҳари мо
Навиди васли турои эҳтиёҷ қосид нест
Ки ҳар паридани чашмӣ буд кабӯтари мо
Дар оташем зи бас дар ҳавои гумномӣ
Чароғи дӯдаи анқо буд самандари мо
Задасту по задани охир ба ҳеҷ ҷо нарасад
Дар ин муҳӣт чу мавҷи ҳавои шиновари мо
Зҷўши гиря ҷило ёфт дидаам ҷӯё
Накӯи зоби бурун омадааст соғари мо