зи сарви ёр ки дар баркашидаам имшаб

Бағали бағали гули оғӯш чидаам имшаб

Ба роҳи шавқи ту монанди шамъ дар раҳи бод

Зчшми мунтазири худ чакидаам имшаб

з рафтан ту чунон дил фусурдаам ки бас аст

Даҳони қаҳқаҳаи ҷайб даридаам имшаб

Хаёли гулшани кӯии ту хобам аз сари барад

Шамеми гул шуда ранг паридаам имшаб

Сухан чун шираи ҷон солҳо чакад зи лабам

Ба инки лаъли лабатро мкидаҳам имшаб

Ба шоҳроҳи тариқат расидаам ҷӯё

Ба кӯчаи боғи ду зулфаш давидаам имшаб