Обии зи донаи ънб эй дил чашеданӣ аст

Ғофил машав ки ин сар пистон макиданӣ аст

Як субҳдам чу панҷаи хуршед ҷилва кун

Пероҳани таҳаммули ошиқ дариданӣ аст

Аз обёрӣ мижаам чун гули чароғ

Болидааст бскаҳи гули доғ чиданӣ аст

Бигузар зи хоҳиши дилу Маҳмӯд вақт бош

Зулфи Аёзи тӯли амлҳо бариданӣ аст

Бошад ҳалоки як шабаҳи манзури хосу ом

Ҳасанӣ ки моҳ моҳ кунад ҷилва дӣданӣ аст

Аз паҳлавӣ диласт танами маҳшари бало

Ин қатраи хӯни зи панҷаи мижгон чакиданӣ аст

Аз заъфи қӯтии талаб аз аҷзи ҳимматӣ

Ҷӯёи камони ноз накӯён кашӣданӣ аст