Бо ашк то зи дида ба рӯем чакида аст

Дили андалеби гулшан ранг парида аст

Давр аз хироми сарви ту мотам сарост боғ

Ҳар лола бсмлӣаст ки дар хӯн тапида аст

Он бихўдӣ ки муҳаррами базм висол ӯст

Буи гуласт ё нафас орамида аст

Дар толеъ касе ки буд доғи меҳр ӯ

Чун субҳ аз нахусти гиребон дарида аст

Дар чашми он ки волаи найранг ранг нест

Оз аз шафақ чу доман дар хӯн кашида аст