Гарна ашк аз дида дар ҳиҷрони ёр афтода аст

Гавҳараст аммо зчшми эътибор афтода аст

Дӯхтам то чашми хоҳиш бар гули рухсори ёр

Бахя расвоӣам бар рӯй кор афтода аст

Нақши по дар изтироб аз шухӣ рафтор ӯст

ё диласт ин каз пай ӯ беқарор афтода аст

Шукр каз бедоди чашм ӯ чунин афтода ам

Вой бар бетолеъӣ каз чашми ёр афтода аст

Май намояди теғи мижгони ту лангардор тар

Бода паймо бош чашмат дар хумор афтода аст

Бештар бе тоқатами ҷӯёи зи ёди он камар

Ашки ҳасрат зон миёнам бар канор афтода аст