Пайвастаи завқи бода чу хӯн дар дил ман аст

Гӯйии зи софу дард май обу гул ман аст

Аз тухми ишқи ёр ки дар сина коштам

Бардоштан дил аз ду ҷаҳони ҳосил ман аст

Афтодагӣаст мақсади саҳрои наварди ишқ

Вомондагӣ ба роҳи талаби манзил ман аст

Аз майли хотирӣ ки ба он дилрабо марост

Донистаам ки хотир ӯ моил ман аст

Миҳроб бандагӣаст шаҳидони ишқ ро

Ин теғи каҷ ки дар камари қотил ман аст

Битобӣам чу гирди заминро ба ёд дод

Ин таври болу пар задани бсмл ман аст

Ошиқ ки бо худаст ба ғурбат фитода аст

Аз худ ба ҳар тараф ки рӯми манзил ман аст

Дарё ба хок раҳ нафишонд гуҳар ба муфт

Ин ихтироъи дидаи дарёи дил ман аст

Он қатраи хӯни сӯхта каз кибриёии ишқ

Қулзуми хурӯши омадаи ҷӯё , дил ман аст