Ҳар ки ӯ бо қомат хам гашта ғофил хуфта аст
Бехабар дар сояи девори моил хуфта аст
Гар сарпоеи занӣ бо дасти бахшиш фурсат аст
Давлати бедор дар домони соил хуфта аст
Шоҳиди масти хаёлаши зи аввали шаб то саҳар
Ҳамчуи буи ғунчаам дар хилвати дил хуфта аст
Сайр олам мекунад аз файзи бедории дилаш
Пои саъй ҳар ки дар домани манзил хуфта аст
Нест ғайр аз сҳркории чашм хоб олуд ро
Куштаи ҷӯёи халқи оламроу қотил хуфта аст