Аз сияҳ мастӣ надонам гул чаҳ ва гулшан куҷост

Кӯи гиребон ва чаҳ шуд пероҳан ва доман куҷост

Нақш Аржангаст аз рангинии нақши хаёл

Содаи пуркор чун чашми сифед ман куҷост

Офати Айюби дардам , ташна ҷом шифост

Меҳнати ёқӯби ҳиҷрам , буи пероҳан куҷост

Пушт бар девор ҳастӣ рӯ ба мақсад рафта ам

Гаштаам ҳам базми ҷон ҷӯё надонам тан куҷост