Духтари рузи халафи силсила беҳӯшӣ аст

Тавба аз май ба ҳақиқати гила беҳӯшӣ аст

Он гиронмояи матоъӣ ки зи худ май ҷӯӣ

Бо хабар бош ки дар қофила беҳӯшӣ аст

Пай ба мақсади набарди силсилаи барпои шуъӯр

Таии ин бодия бар роҳила беҳӯшӣ аст

Суханамро намак аз паҳлавӣ мастӣ бошад

Гули таҳсин ба сари мо сала беҳӯшӣ аст