Чунон ба пеши фалаки нолам аз ғамати шаб ҳо

Ки хӯн дил мечакад аз дидаҳои кавкаб ҳо

Чу бастаи хӯни диламро ба хеш май орад

Барои хандаи гушойам агар зи ҳам лаб ҳо

Нигоҳи барқи гузораш чу шамъи дилҳо гашт

Шарори шуълаи оҳам шудааст кавкаб ҳо

Дилами зи сахтии раҳ нола мекунад чу ҷарас

Ки санги роҳ талаб гаштааст матлаб ҳо

Наме кашами дами гармӣ ба коми дили ҷӯё

зи тарси резиши ин обгинаи қолаб ҳо