Осӯдаи дилӣ ки беқарор аст

Он дидаи хунак ки шуъла бор аст

Чун оинаи айби ҷӯ дар ин базм

То айб намост айб дор аст

Кинами бадали ту бе мурувват

Пинҳон дар санг чун шарор аст

Бар соҳат на фалак кунад сайр

Ҳар кас бар хештан савор аст

Бар пушти лаби ту сабзаи хат

Чун мавҷи насим навбаҳор аст

Фарёди ту муносибат наҷуед

Бо шуъла ки Тифли не савор аст

Дар чашмам ҳар канор мавҷӣ аст

Ҳар мавҷ ба чашми ман канор аст

Гар ғунчаи дил шукуфта бошад

Ҳар сӯй ки бенгарӣ баҳор аст

Ҳаргиз рӯй хушии нбинод

Ҳар дил ки на аз ғамат фигор аст

Сабру дили биқрори ошиқ

Паймонау дасти раъша дор аст

Пероҳани ҷисми нозук ӯ

Ҷӯё аз накҳат баҳор аст