Бихўди саҳбоӣ ҳайрат бош май нӯшӣ бас аст

Як нигоҳи ойӣнаро сомони беҳӯшӣ бас аст

Доим аз файзи саҳари равшани равонон зинда анд

Мурдани шамъу чароғи базми хомӯшӣ бас аст

Май парастии мӯҳтасиб аз мо баландовоза шуд

Шишаро бо соғару паймонаи сргўшӣ бас аст

Инки мегӯйӣ надонам ёрро аз бихўдӣ

Як далели маърифат аз худ фаромӯшӣ бас аст

Гар фақирии чашм аз дунё ва моФиҳо бапуш

Кисвати дарвеш пиндорӣ намад пӯшӣ бас аст

Нарм нармак чист умрати панҷа панҷа гирифт

Ҳамчунон дар фикри дунё сахт мекӯшӣ бас аст

Ман куҷои ҷӯёу раҳи бурдан ба базм ӯ куҷо

Инки дорам бо хаёл ӯ ҳмоғўшӣ бас аст