Онро ки ғуборӣ ба рух аз турбат Тӯс аст

Дар дидааш иклили шаҳон , тоҷ хурӯс аст

Дунё ки ба чашми ту буд золи куҳани сол

Дар дидаи болиғи назарони тоза арӯс аст

Ҳар ғунча ки дидам баҳам оварда лаби шавқ

Бар нақши кафи пои ту омода бӯс аст

Ҳар наргиси гулзор буд дидаи ибрат

Ҳар барги гули боғ , кафи даст фусӯс аст

Ҷузи сарзаниш аз аҳли ҷаҳони қисмат ӯ нест

Дар парвариши даври шиками он ки чўкўс аст

Чун оинаи ҷӯёи ҳамаи ҷо рӯй бияёд

Онро ки барии чеҳрааш аз нақс абус аст