Ба ошиқон на аз имрӯз бар сар ҷанг аст

Ки кини мо ба дилаш чун шарора дар санг аст

Фитад зи чашми ту бар ҳалқаҳои зулфи шикаст

Ба сояи худаш ин маст бар сар ҷанг аст

Нифоқу тафриқаи зери сар забон бошад

Навой базм хамӯшӣ ҳамаи як оҳанг аст

Ҳамеша ҷилва ӯ дар либос берангӣ аст

Қабои ранг ба болои ҳасан ӯ танг аст

зи ақрабо чаҳ аҷабгар пай шикаст тавонад

Ки бештари хатари обгина аз санг аст

Калиди мавҷи шаробами бгФтгўи орад

Маро ба базми ту қуфли забони дил танг аст

Шарора Эйаст ки аз шухӣу сабки рӯҳӣ

Гуҳи виқору гаронӣ ба кӯҳ ҳамсанг аст

Шамеми лухти дил аз оҳи ман ҷаҳонгир аст

Чу буии гул ки бисоти ҳавоаш авранг аст

Касе ки сохтаи ҷӯёи таниш ба урёнӣ

Қабои чарх ба андоми ҳимматаш танг аст