Абрӯаст ки бар чеҳраи дилдор баланд аст
ё матлаъи барҷаста бисёр баланд аст
Дар зарфи хаёли ту маҳоласт даройад
Пастаст турои донишу асрор баланд аст
Бигирифт дил аз тарбияти ҷисм ки хона
Ояд ба назари танг чу девор баланд аст
Ҳаргиз чу чидаи гулӣ аз файзи баҳорон
Зон рӯй забони гилаи хор баланд аст
Готе буд аз соғар май дасти умедам
ё мстбаҳи хонаи хумор баланд аст
Худро ба макон дар ва девор насанҷӣ
Ҳушдор ки ин мартаба бисёр баланд аст
Паҳлу зада бар мақта ӯ матлаъи хуршед
Ҷӯёии турои пояи афкор баланд аст