Дили ворастааро пурвои сим ва зар наме бошад
Чу ранг аз рухи пурди муҳтоҷи бол ва пар наме бошад
Ғизолони сар ба саҳро дода рашканд дар давраш
зи ҳам чашмии балое дар ҷаҳон бадтар наме бошад
Набошад табъи олии Фитратонро эҳтиёҷ май
Ки теғи кӯҳро ҳоҷат ба равшангар наме бошад
Кадомин рӯзи акси оризаш дар ҷилва ме ояд
Ки субҳи офтоби ойӣнаро дар бар наме бошад
Саҳаргаҳи равшан аз болои хуршед барин гардад
Балии сидқу сафо бепокӣ гавҳар наме бошад
Тавон бо панҷаи зорӣ гирифтани домани васлаш
Муяссари коми дили ҷӯё ба зӯр ва зар наме бошад