Ҳар шуълаи оҳӣ ки зи бемори ту хезад
Гардӣаст ки аз гармии рафтори ту хезад
Сад Юсуф хӯбӣаст матоъи сари дасташ
Бӯе ки зи пероҳани гулзори ту хезад
Ҳар ашки ҷигарсӯзи ман аз равзани чашмам
Омехта бо шуълаи дидори ту хезад
Бо перҳани чоку дили хӯн шуда аз хок
Чун лолаи шаҳиди гули рухсори ту хезад
Ҷӯёи гуҳари ҳуққаи хуршед тавон гуфт
Ҳар ашк ки аз чашми шррбори ту хезад