Дил аз баси сӯии рухсор ту бошад

Нигоҳами буии рухсор ту бошад

Чу доғи лолаи холи ънбринт

Гули худрӯии рухсор ту бошад

Парии булбул сифат гардад ба гардиш

Чу бо гули буии рухсор ту бошад

Аз онру ғунча гардӣдааст лаълат

Ки дар қобўии рухсор ту бошад

Сафои барги гулро эътиборӣ

Ба чашм аз рӯй рухсор ту бошад

Ҷафое каз хатат бар дили расида

Ҳам аз паҳлавии рухсор ту бошад

Агар дар каъбаи вар дар дайр ҷӯёст

Нигоҳаши сӯии рухсор ту бошад