Гул дар чаман аз рашки ту ором надорад

Ҷузи лухти дили хӯн шуда дар ҷом надорад

Бо ғунчаи гули шӯри шикарханд лабат нест

Мижгони турои дида бодом надорад

Лутф ту диҳад лиззати ширинии ҷонам

Аммо намаки талхӣ дашном надорад

Бе ӯ нахӯрам бодаи гарми ҷон ба лаб ояд

Соқӣ биншин ин ҳама ибром надорад

Дар ҷӯш буд деги ҳаваси зотши ҳирсат

Каси ҳамчуи ту ҷӯёи тамаъ хом надорад