Ҳар каси зи ту чашм ком дорад
Бечораи хаёл хом дорад
Давр аз ту касе ки бода нӯш аст
Афшурдаи дил ба ҷом дорад
Имрӯзи нигини он лаби лаъл
Дар кишвари ҳасан ном дорад
Охир рӯй ту хат баровард
Оре ҳар субҳ шом дорад
Дар синаи доғи доғи ишқат
Дар хоки ҳазор дом дорад
Дар баҳри хафифи шеъри рангин
Ҷӯёи маза тамом дорад