Тӯли зулфат кам з қомат нестгар санҷӣ бигӯ

Рӯзу шаби мизон чу меояд баробар ме шавад

Эътимодӣ бар нафас набӯд ки чун баргашти бахт

Ҳар чароғи зиндагонии бод сарсар ме шавад

Сайли ашк аз синаи ?ут бар домани мижгони марез

Ҳарқадр дар хам бимонад бода беҳтар ме шавад

Аҳли дилро мерасад дар хӯрд истеъдоди файз

Чун тараққӣ кард оби соф гавҳар ме шавад

Куфр бошад ; куфр ; навмидӣ , ки таҳсили мурод

Гар нашуд ин бори ҷӯёи бор дигар ме шавад