Имшаби замӣ чу маҷлиси дилдор гарм шуд

Бозори гули фурӯшии рухсор гарм шуд

Ҷонро зи файзи ишқи таъаллуқ буд ба ҷисм

Чандон битофт меҳр ки девор гарм шуд

Бар ман аз ин бодаи мпимо май нигоҳ

Сӯзади дилам ба сина ки бисёр гарм шуд

Бардошт чун ниқоби зи рухи базм дар гирифт

Ҳангомае зи шуълаи дидор гарм шуд

Ҷӯё чу меҳри матлаъи анвори Физҳост

Он сирка аз пиёлаи саршор гарм шуд