Ҷони озоди гирифтори тан зор бимонад
Ҳамчуи ганҷӣ ки ниҳон дар таҳ девор бимонад
Аз парешон назарӣ гашта парешони дилҳо
Дида онаст ки дар ҳасрат дидор бимонад
Рӯзро меҳр ба шаб гар бирасонад аҷаб аст
Бскаҳи ҳайрони ту чун сӯрат девор бимонад
То ба боғи омадае дасту дили сарву чанор
Дар тамошои саропои ту аз кор бимонад
Чун нигаҳ дар ҳарами дида ҳайрат задагон
Рози расвои ту дар парда асрор бимонад
Сарвро шарми қадати силсила бар пои ниҳод
Дид то таври хироми ту з рафтор бимонад
Ту ба ҳоли дили худ ҳеҷ наме пардозӣ
Ҳайф кин оина дар парда зангор бимонад
Ҳамчуи шабнам буд аз боли нигаҳи парвозаш
Он сбкрўҳ ки ҳайрони рух ёр бимонад
Кӣ зкори дили худ бар бадари ореи ҷӯё
Чархи саргаштаи ин нуқта чу паргор бимонад