Айби нихват дар либоси фақри урён тар шавад
Дар заъифиҳо раги гардани намоён тар шавад
Дар кушоди корҳои бастаи чандин ғам махӯр
Ҳар қадари печади гиреҳ бар хеши часбон тар шавад
Корҳои мушкили осон метавон шуд ба саъй
Лек агар бар худ нагирӣ мушкили осон тар шавад
Дил пушаймон шуд зи тарки бодаи пеш аз баҳор
Чун ба ҷӯш омад гулу булбули пушаймон тар шавад
Ҷони пок аз ғифлат дилҳо фитад дар изтироб
Зон нафас дар хоби роҳати тунди ҷавлон тар шавад
Шӯхи ман ҷӯёи намояд бо парии нисбати дуруст
Ҷилваи мастур ӯ чндонкаҳи пинҳон тар шавад