Пой бар осӯдагони хоб роҳат ме занад

Қомати он шӯхи паҳлу бар қиёмат ме занад

Тарсам аз рухсораши обу ранги резад бар канор

Ҳасани саршораши зи баси мавҷ тароват ме занад

Ком бар медорад аз кайфияти софи таҳур

Ҳар ки шабҳо то саҳари ҷом надомат ме занад

Гўиё аз хўбнҳои дил шикастан ғофил аст

Онкӣ бар минои мо санг маломат ме занад

Обрӯро мекунад ҳамчун гуҳари гирдоварӣ

Ҳар ки дасти дил ба домон қиёмат ме занад

Онкии ҷӯёи магас бар хон кас нохонда рафт

Бар сар аз шармандагии даст надомат ме занад