Бо бори он гули рӯи дил беҳиҷоб бошад

Зон рӯй бо сиришками буи гулоб бошад

Гар шоҳӣ аз фақирӣ аст дорад намӯд бе буд

Пасту баланди дунёи мавҷ сароб бошад

Дар оинаи зи шавқи рухсор бо сафояш

Ҷавҳар чу мавҷи дарё дар изтироб бошад

Ҳар қатра сиришкам гашта муҳӣти оҳӣ

Чашмами шаби фироқати чашм ҳубоб бошад

Пӯшида кӣ бимонад кулуфти зсоФи ботин

Чинҳои мавҷи ҷӯё бар рӯй об бошад