Аз синаи дили ҷудо ба тапидан наме шавад
Мурғи қафаси раҳо ба рамидан наме шавад
Бигзор лаҳзае лаби худро бкоми мо
Оби ақиқ кам ба макидан наме шавад
Пои таъаллуқ аз сармастӣ бикаш ки ёр
Ром касе ба нола кашӣдан наме шавад
Дидам турои зи давр вале чун кунам ки дил
Ҳаргизи тасаллӣ аз ту ба дидан наме шавад
Бигзор по ба роҳи таваккул ки корҳо
Ҷӯё ба гуфтан ва ба шунидан наме шавад