Ки чу сӯзан дӯхтӣ бар ҷомаи чашми хеш ро
Гоҳи айнаки вор бар ъамомаи чашми хеш ро
наменивисам нома ва аз фарти шавқ диданат
Бастаам наргиси сифат бар хомаи чашми хеш ро
Ҳамчуи он айнак ки дар ҷузвӣ фаромӯшаш кунанд
Кардам аз шавқати ниҳон дар номаи чашми хеш ро
Тарк дунё кардаам дар айни хоҳишҳои нафас
Бастаам дар гармии ҳангомаи чашми хеш ро
То ба кӣ монанди доғи лолаи хоҳӣ духтан
Аз тамаъ бар сурху зарди ҷомаи чашми хеш ро
Аз хаёли меҳри рӯе дидаам ҷӯё чу шамъ
Равшании афзои сад ҳангомаи чашми хеш ро