Танҳо на чарх бесару по рақс ме кунад

Ҳар заррае зи шавқи ҷудо рақс ме кунад

То гаштаем матлаъи хуршеди маърифат

Аз шавқи зарраи зарраи мо рақс ме кунад

Бар дӯши оҳи лухти дили хўнчкони ман

Чун барги гул ба рӯй ҳаво рақс ме кунад

Ҳамчун шарорае ки буд дар миёни дӯд

Дар зулфи он парии дили мо рақс ме кунад

Ғалатад ба дил агар з дил ояд сухани бурун

Гавҳар биравӣ оинаҳо рақс ме кунад

Дируз бе ту буд замингири соғарам

Имрӯз бо ту номи худо рақс ме кунад

Шуд чун шарари зи пардаи фонӯси ҷилва гар

Аз баснигор ман ба ҳаё рақс ме кунад

Мо дар ҳавои дӯст ба ранг шарора ем

Яъне ки зарраи зарраи мо рақс ме кунад

Дили ҷӯш хусравӣ занад аз файзи нестӣ

Анқои мо ба боли ҳумо рақс ме кунад

Ҷӯёи зи ҷӯши шавқи зи дил то ба дида ам

Ҳар қатраи сиришки ҷудо рақс ме кунад