Аз сухани як ҷӯ на бар қадари сухан парвар фузуд

Кӣ зи гавҳар бар баҳоии ришта гавҳар фузуд

Оҳ аз ғифлат ки бар занҷири тӯли орзӯ

Қомат хам гашта мо ҳалқа дигар фузуд

Равнақ дигар гирифт аз аҷзи ман бозори ноз

Печу тобами теғи бедоди туро ҷавҳар фузуд

Ашк бар мижгони хунини ҷилва дигар кунад

Риштаи рангини мо бар қадари ин гавҳар фузуд

Сояи хат бар гули рӯйиш қиёмат карда аст

Зулф бар ҳам хӯрдааш бар шӯри ин маҳшар фузуд

Ҳамчунон ҷӯё ки аз зевар фазояд зеби ҳасан

Ҳасани болои даст ӯ бар зинат зевар фузуд