Гул ба он рӯй накӯ ме монад

Мл ба лаъли лаб ӯ ме монад

Моҳ агар моҳи шаб чордаҳ аст

Бе каму кост ба ӯ ме монад

Ситаму ҷавр бмн ме гузарад

Ба ту эй арбада ҷӯ ме монад

Бодатар таййиб димоғам накунад

Сари хушкам бкдў ме монад

Соғар май чу лаболаб бошад

Ба ту эй оина рӯ ме монад

Ҷавҳари теғи ситам дар кафи чарх

Кӣ ба он печиш мӯ ме монад

Рафтам аз сайри гулу ғунчаи зи даст

Ин баҷоами он ба сабу ме монад

Мижа бар даври ду чашмами ҷӯё

Ба канори лаб ҷӯ ме монад