Дар ин замонаи хушаши бод агар ғамӣ дорад
зи фӯти вақт ҳар он дил ки мотамӣ дорад
Бабанд чашму даҳанро аз дидану гуфтан
Ғамин мабош ки ҳар захм марҳамӣ дорад
Касе ки сохт ба беш ва кам таваккулу ҳирс
На фикр беш ва на андеша камӣ дорад
Дилӣ ки бастаи он зулф анбарин гардид
Аҷаб набошад агар ҳол дарҳамӣ дорад
Ту комёби таҷарруд нае чаҳ май доне
Ки тарки коми ду олам чаҳ олимӣ дорад
Касе ки шарм кунад аз сиёҳи кории дил
Ба зери хирқаи броҳим адҳмҳӣ дорад
Ба тори зулф асираст пои дили ҷӯё
Ҳануз мурғи навомӯз ӯ дамӣ дорад