Фасл навбаҳоронаст абр дар хурӯш омад
Нағма санҷ шуд булбул , хӯни гул ба ҷӯш омад
Субҳи рӯз боронаст муфт мегусорон аст
Бода бе муҳобои зан ар парда пӯш омад
Ҳечкас намемонад бенасиб аз қисмат
Софи рӯзӣ гул шуд лола дрднўш омад
Баҳри васфи рухсораши пеши ҳасани гуфтораш
Ҷумлаи тани забони ғунчаи гули тамом гӯш омад
Дар дилаши зи баси шухии сад забон ниҳон дорад
Гар зи шарм дар зоҳири ғунча сон хамӯш омад
Мавсим баҳоронаст даври давр мисатон аст
Мӯҳтасиб ғзлхўонаст шайхи бода нӯш омад
Нақди ҷон ба кафи ҷӯё май рӯми сӯии гулшан
Муждаи навҷавононро боғи гул фуруш омад