Ушшоқи ҳамчуи дил ба бар шер хуфта анд

Ин қавми зери сояи шамшер хуфта анд

Аз барқи тиғбозии тақдир бе хабар

Хомон ба нози болаши тадбир хуфта анд

Ҷамъӣ ки ғофиланд зи ҳақ бо вуҷӯди илм

Бо дидаҳои боз чу занҷир хуфта анд

Онҳо ки гаштаанд ҳамаи маҳви сурху зард

Дар ҷомаи хоби ранг чу тасвир хуфта анд

Ҷамъӣ ки дили ниҳода бар он тоқ абрӯанд

Аз сари гузашта бар дами шамшер хуфта анд

Ашъори ошиқонаи ҷӯёи зи ҷӯши дард

Монанди нола дар бар таъсир хуфта анд