Савори аблақи лайл ва наҳор худ бошад

Агар касе битавонад савор худ бошад

Хушо ҳузури намоз касе ки чун миҳроб

зи худ тиҳӣ шавад ва дар канор худ бошад

Ба хомшӣ магрез аз хатар ки ҳамчуи ҳубоб

Дилати зи поси нафас дар ҳисор худ бошад

Касе ки поси нигаҳ пеша кард чун фонӯс

Ҳисори дидаи шаби зиндаи дор худ бошад

Ба рӯй гарм чу , меҳри онкӣ бо хилоиқ зист

Гули сари сабади рӯзгор худ бошад

Касе ки карда қаноат ба қатрае чу гуҳар

Ҳамеша мояи вари эътибор худ бошад

Ба ҳӯшёрӣу мастӣ , виқор ӯ ҷӯё

Чу бе қарории мо барқарор худ бошад