Лаби хандон ба ту эй ғунча даҳан бахшиданд

Чашми гирёну дили хаста ба ман бахшиданд

Зошноиии сухан шар кун эй дил ки туро

Ҳама доданд агар дард сухан бахшиданд

Обу рангӣ ки фузун зон лаб ва дандон омад

Ба Яман қадре ва қадре ба адан бахшиданд

То баради захми дили ғунчаи гули лиззати дард

Намаки нола ба мурғон чаман бахшиданд

Беш шуд ҳалқаи занҷири гирифтории мо

Зон ду чашмӣ ки ба оҳӯӣ хутан бахшиданд

Ҳар қадар дар сари он зулфи парешоне буд

Ҳамаро ҷамъ намуданд ва бмн бахшиданд

Давлати ёди биногваш ва қадӣ ёфт дилам

Гарчи ҷӯёи баҳмани сарв ва саман бахшиданд