Ҳаргиз аз пеши назари он рух рахшон наравад
Ки марои хӯни дил аз дида ба домон наравад
Онкӣ аз синаи пурдоғи ман аз марҳам рафт
Ҳаргиз аз панҷаи гулчин ба гулистон наравад
Ончӣ бар чоки дили имрӯзи зи мижгон ту рафт
Ҳаргиз аз панҷаи ошиқ ба гирён наравад
Рафтан аз хеш буд роҳбар аз маслаки ишқ
Нарӯй то зи худ ин роҳ ба поён наравад
Қади раъноаш чу дар ҷилва шавад номи худо
Кӯи дилӣ каз паии он сарв хиромон наравад
Ишқу андешаи ҷамъияти хотири ҳайҳот
Сари сўдоздгон дар пас сомон наравад
Ончии ҷӯё ба тани зори ман аз ишқ равад
Ҳаргиз аз оташи сӯзон ба Нитсаатон наравад