Бо ҳамаи аъзои маро чун абр гирён сохтанд

Ҳамчуи шохи гули саропои ту хандон сохтанд

Шаккарини лаълати зи мавҷи об ҳайвон сохтанд

Нақли дандони туро аз шира ҷон сохтанд

Ҳасани шухиро ки олам равшанаст аз партаваш

Дар ҳиҷоби пардаи изҳор пинҳон сохтанд

Накҳати гули ранги ёқӯту хамири субҳ ро

Гирд овараданд ва он себ занхдон сохтанд

Хоксороне ки аз аввал гирён душмананд

Ҳамчуи саҳро аз либоси охир ба домон сохтанд

Мавҷи ранги сунбулу тӯфони буии машк ро

Ҷамъ овараданд ва он зулф парешон сохтанд

Халъат маҷнӯнӣам рӯзӣ ки дар бар кард ишқ

Аз фазои вусъати машраб биёбон сохтанд

Кокули мишкӣну зулфи анбарин дастии баҳам

Дода ҷӯёи хотири моро парешон сохтанд