Иштиёқами ҷом майро ҷон тасаввур ме кунад
Ҳар хамиро чашмаи ҳайвон тасаввур ме кунад
Дар ғами ишқи онкии дандон бар ҷигар афшурда аст
Хӯни дилро неъмати алвон тасаввур ме кунад
Онкӣ бошад мастиаш аз соғари срҷўши ғам
Чашми гирёнро лаби хандон тасаввур ме кунад
Ҳар ки кӯшад дар сарои тани паии такрими ҷон
Соҳиби ин хонаро меҳмон тасаввур ме кунад
Ҳар кро бо олам арвоҳ бошад нисбатӣ
Тангнои чашмро зиндон тасаввур ме кунад
Ҳар ки чун маҷнӯни мо дар кор аз худ рафтан аст
Даштро сайли сабки ҷавлон тасаввур ме кунад
Ҳар ки тан додааст чун ҷӯёи бтслиму ризо
Дардҳоро навъе аз дармон тасаввур ме кунад