Бе зикри ту некӯ набӯд пешаи дигар

Бе фикри ту ботил буд андешаи дигар

Саҳбои муҷозами надиҳади нашъа ки бошад

Кайфияти мисатони ту аз шишаи дигар

Кӣ қатъи назар аз ту тавонам ки дўондст

Аз ҳар мижаи чашмат ба дилами решаи дигар

Лабрези хаёли ту з бас гашта , нагунҷад

Дар ғамкада синаам андешаи дигар

Нохуни гиреҳ аз кори ту ҷӯё накушояд

Бар синаи қавитар зан аз ин тешаи дигар