Дилам аз ҳиҷри ту хӯнаст имрӯз

Офати сабр ва сукӯнаст имрӯз

Лабӣ аз бодаи лаълии тркн

Навбаҳораст ва шкўнаст имрӯз

Олам аз ҷилваи рангини ҳаво

Маҳшар буқаламунаст имрӯз

То чаҳ орад ба сари мо фардо

Тавсани нафас ҳрўнаст имрӯз

Нақди доғӣ ба кафовар ҷӯё

Рӯзи бозор ҷунунаст имрӯз