Мисатони паии гулгашт чаман мерасад имрӯз
Нозаш ба гулу сарв ва саман мерасад имрӯз
Давраст ки лаби ташнаи хӯни дил халқ аст
Он Тифл ки дасташ ба даҳан мерасад имрӯз
Бар ғунчаи гул дар чаман аз бскаҳ хамӯшӣ
Гар лаъл ту бигирифт сухан мерасад имрӯз
Моил ба туранҷи ма ва хуршед набошад
Дастӣ ки ба он себ зқн мерасад имрӯз
Ҳаргиз нарасидааст зхўршиди замин ро
Файзӣ ки з рӯй ту ба ман мерасад имрӯз
Ғофилӣ машав аз « фазли алии бег » ки ҷӯё
Аз тозаи ҷўоно ба сухан мерасад имрӯз