Ғайр аз айёми висоли бут дилхоҳ мапурс

Чанд пурсӣ зи шаби ҳиҷр , мапурс оҳ мапурс ! ‏

Ҳамчуи шамъами дами тақрири забони даргирад

Ҷони ман ! оҳ , аз ин оташ ҷонкоҳ мапурс

Дар раҳи ишқ ту кардам қадам аз сар чу шарор

Аввалин гоми зи худ рафтанам аз роҳ мапурс

Ин яке ҷони гули он шуълаи афлоки гудоз

Аз насими саҳару оҳ саҳаргоҳ мапурс

Чанд пурсӣ ки чаҳ ҳоласт туро эй ҷӯё

Мастам ва нестам аз ҳоли худ огоҳ мапурс