Ҳар қадар ғам бинад аз гардун буд доно хамӯш
Ғунчаи сонами дили пар аз хӯн бошад ва лабҳо хамӯш
Чашм агар пӯшӣ равад дар хилвати ороми дил
Мавҷ чун монад аз тапидан мешавад дарё хамӯш
Кӣ тавонад мазҳари дард ту шуд ҳар сина Эй
Дар дилами оташ фурӯзонаст ва дар хоро хамӯш
Нисбат ба дардами з маҷнӯнаст бо Фарҳод беш
Нолад аз фарёди мо кӯҳ ва буд саҳро хамӯш
Мардро зебост ҷӯёи ишқ на изҳори ишқ
Дил дар афғонаст гӯ бошад забон мо хамӯш