Дил ба ишқ аз бастагӣ во мешавад ғамгин мабош
Оқибати ин қатра дарё мешавад ғамгин мабош
Нақди ҷони байъонаи як бӯса зон лаъл лаб аст
Шоди зии аидл ки савдо мешавад ғамгин мабош
Дар ҳусӯли муддаои битобиӣ дар кор нест
Гар нашуд имрӯз фардо мешавад ғамгин мабош
Айши худро талх аз зҳроб навмидӣ макун
Коми дили охир муҳайё мешавад ғамгин мабош
Гар нашуд коми дилат ҳосил машав дар изтироб
Сабр дар кораст ҷӯё ! мешавад , ғамгин мабош !