Дар касб ҳаво кӯш ки озод кунад машк

Бӯро чу дамии ҳамнафас бод кунад машк

Дилро ба шамемии зи ғам озод кунад машк

Ҳар уқдаи дилро гиреҳ бод кунад машк

Пӯшида намонад ба ҷаҳони ҷавҳари маънӣ

Ҳар чанд хамӯш омада фарёд кунад машк

Аз нисбати он ҷаъди сияҳи мавҷи ҳаво ро

Ошуфтатар аз зулф призод кунад машк

Афшурдаи дили чоки марои ҳалқаи он зулф

Ҳошо ки ба захми ӣнҳама бедод кунад машк

Ҳар буи ки берун диҳад аз худ зи хутани давр

Ҷӯёи зи ҷудои гила бунёд кунад машк