Бе сарви қадат хок нишинанд чаман ҳо

Шуд пунбаи доғи ҷигари лолаи саман ҳо

Корам ба ҳарифи ду забон кош фитодӣ

Чун ғунча саропоӣ забонанд даҳан ҳо

Борид чу аз абри атояши нами раҳмат

Дар хоки кафи баҳри карами гашти кафан ҳо

Ҳаркас ки туро дид дамии бас ки з худ рафт

Дар базми ту буи хабар ояд зи сухан ҳо

Оҳанги гулистон чу кунад сарви ту аз шавқ

Оянд чу товус ба парвози чаман ҳо

Бар зулф мазан шона ки муҳтоҷ набошад

Дили бастагии ошиқи мискин ба расан ҳо

Ҳаркас шудаи ҷӯё чу ту саргаштаи ғурбат

Эксири фароғати шимурди хоки ватан ҳо