Хоксориро чу нақши пой то дил баста ем
Хешро чун ҷода бар домони манзил баста ем
Ҳасанаш аз тифлии намаки пурвирди шӯри ишқи мост
Мо биҷои муҳра бар гаҳворааш дил баста ем
Шаҳди ноб аз дида май резади сиришки мо ба хок
То дили худро ба он ширини шамоил баста ем
То тавон рӯзи ҷазо бо ин нишонаш ёфтан
Мо зи хӯни худ ҳинои зи дасти қотил баста ем
Зӯри ваҳшати улфати моро зи кӯяши нгслд
Дил ба тори зулфи он мишкӣни слосл баста ем
Дар ҳақиқати ғунчаи гулзори навмидӣ буд
Инки бар нахли ҳаёти хештани дил баста ем
Дар паноҳи дардмандӣ аз ҳаводис эминем
Мо ки бар бозуии худ тӯмор аз дил баста ем
Хомшии мифтоҳи қуфли бастаи дилҳо буд
Мо лаби худро барои ҳали мушкил баста ем
Ҳрзи мо ҷӯёи дили пурмеҳр шоҳ авлиёст
Риштаи ҷонро аз он бо ин ҳамоил баста ем